Ҳушдори КҲФ аз лағзиши тарма ва сангрезиш: аз шикор ва сафарҳои безарурат худдорӣ кунед

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон  бо истинод ба маълумоти Агентии ҳавосанҷии кишвар хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳавои тағйирёбанда ва коҳиши ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии кишвар хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумита хатари лағзиши тарма ва резиши санг дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Ванҷ-Хоруғ, Рӯшон-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб дар назар дошта шудааст.

КҲФ вазъ дар ҷодаҳои асосии ҷумҳуриро нигаронкунанда хонд

Дар пайи ин Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки аз сафарҳои безарурат, сайру саёҳат ба минтақаҳои хатарнок ва ғунучини ҳезум, алафҳои дорувор ва шикор худдорӣ кунанд.

“Ронандагон бояд ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва ё минтақаҳои тармарез фасилаи муайяншуда байни мошинҳоро риоя намоянд. Хеле эҳтиёткор бошед ва мошини худро дар ин гуна роҳҳо оҳиста ронед”,-омадааст дар иттилоияи сомонаи Кумита.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамчунин,  аз аҳолии наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ хоҳиш кардааст, бомҳои хонаҳои худро аз назар гузаронанд. Ба соҳибони биноҳои якошёна тавсия дода мешавад, ки сари вақт бомҳои худро аз ғарами барф тоза кунанд ва онро бехатар гардонанд.

“Падару модарони муҳтарам! Бахусус, онҳое, ки дар минтақаҳои тармазо ҳаёт ба сар мебаранд! Кӯшиш кунед бачаҳои худро беназорат нагузоред. Агар шумо онҳоро ба мактаб ва ё бозӣ танҳо мефиристед, пас аввал аз хатари эҳтимолии лағзиши тарма ва резиши санг огоҳ созед, ҳамроҳашон дар атрофи ин мавзӯъ бештар суҳбат кунед, то эҳтиёткору дурандеш бошанд”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ бо муроҷиат аз шаҳрвандон мегӯяд, агар шоҳиди ҳодисаҳои фавқулода шудед, ба хадамоти наҷоти КҲФ аз тариқи телефонҳои: 112, 223 13 11; 221 91 19; 93 880 28 19 хабар диҳед.