Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, коронавирус киҳоро бештар мекушад

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ омилҳои асосии таъсиррасон ба сатҳи марг аз коронавирус дар кишварҳои гуногунро гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Хатари марг аз коронавирус вобаста ба синни нафари мубталошуда боло меравад, изҳор дошт Мелита Вуйнович, намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ.

Сардухтури санитарии Ӯзбекистон дар бораи нафари мубталои коронавирус гуфт

Ӯ изҳор дошт, ки эпидемияро фавран шинохта намешавад. Ба гуфтаи Вуйнович, дар марҳилаи аввал шаҳрвандон нишонаҳои гирифторӣ ба коронавирусро намедонистанд. Намедонистанд, ки гирифтори коронавирус шудаанду ба куҷо муроҷиат кунанд.

Намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ сатҳи баланди марг аз коронавирус дар Итолиёро, ки то ҳол беш аз 1000 нафарро кушт, ба синну соли аҳолӣ рабт дод, ки чӣ қадаре син боло бошад, хатари марг аз коронавирус бештар аст.

Қаблан Давид Сассоли, раиси парлумони Аврупо буҳрон аз коронавирусро бадтарин дар Аврупо баъди анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳон хонд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус COVID-19 дар Ӯзбекистон ошкор шуд. Нафари бемор аз Фаронса баргаштааст.

Рақобати Нурмуҳаммадов ва Фергюсон дар дигар ҷой мегузарад: UFC макони нав меҷӯяд

“Рӯзи 15 март соати 6:00 дар бадани шаҳрванди Ӯзбекистон, ки аз Фаронса баргашт, коронавирус COVID-19 ошкор шуд”,  - омадааст дар иттилояи Вазорати тандурустӣ.

Нахуствазири Ҷопон гуфт, Олимпиада 2020-ро лағв намекунанд

Ин дуюмин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки коронавирус дар он ошкор гардид. Қаблан ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Қазоқистон сабт шуд, ки мубталоён аз Олмон баргашта буданд. Дар Қазоқистон аллакай шаш ҳолати гирифторшавӣ ба маризии сироятии коронавирус сабт гардидаст.

Зимнан, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11 - уми март, маризии коронавирусро пандемия эълон кард.