Номзадии Шукурзода ба аъзогии Маҷлиси миллӣ пешбарӣ шуд

Бо ҷонибдории 38 вакил номзадии Шукурзода Мурод Ҷӯра ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, № 2 пешбарӣ карда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар ноҳияи Айнӣ иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода ба мансаби нав пешниҳод шуд

Тавре хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини якуми раиси вилоят Хол Ҳайдар, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шӯъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва воҳидҳои сохтории он ширкат кардаанд.

Сардухтур Ҳакимова ба узвият дар Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуд

Гуфта мешавад, ки дар ин иҷлосия пас аз интихоби ҳайати котибот, вакилон рӯзномаи иҷлосияро аз рӯи 7 масъала тасдиқ кардаанд.

Доир ба масъалаи якуми рӯзнома ахбороти раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ Айём Муродов шунида шудааст.

Вазифаи нави Файзов : ӯ раиси Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ интихоб шуд

Дар иҷлосия ҳамчунин номзадии Шукурзода Мурод Ҷӯра ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, № 2 пешбарӣ карда шуд, ки 38 нафар вакилон ба ҷонибдории номзад овоз доданд.