Воҳимаи мардуми тоҷик ҷаҳониёнро сироят кард: аксҳо аз мағозаҳои холимондаи аксар кишварҳо

Sputnik

Сокинони ба ваҳм афтодаи аксар кишварҳои ҷаҳон бозори фурӯши озӯқавориро гарм намуда истодаанд. Мардуми ба воҳима афтода, саргарми дурӯғгӯиҳои ҳамдигар шуда, рафҳои мағозаҳоро комилан аз маводи хӯрока тоза намудаанд. 

Чӣ тавр коронавирус ҷаҳонро тағйир медиҳад: вазъ аз кайҳон - акс

Ҳарчанд ҳукуматдорон аз басандагӣ будани захираи хӯрокворӣ барои чанд сол бонг мезананд, вале сокинон танҳо ба гапҳои ҳамдигар гӯш дода, саргарми харид ва захира кардани хӯрокворӣ ҳастанд.

Дунёи ниқобпӯшон: роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус дар кишварҳои гуногун - акс

Айнан чанд ҳафта қабл дар бозорҳои Тоҷикистон низ ҳамин вазъият мушоҳида мешуд. Мардум қурбони сару садоҳои беасос бобати камчин шудани маводи ғизоӣ шуда, ба якборагӣ 4 -5 ё аз ин ҳам бештар халтаи орд ва равғанро харидорӣ мекарданд. 

Зимнан, бо баргузории чорабиниҳои фаҳмондадиҳии мақомоти қудратӣ, дар бозорҳои Тоҷикистон  ба ин ҳаводис нуқта гузошта шуд. Ҳамзамон мақомоти дахлдор гуфта буданд, ки воҳимаандозони ин вазъро дастгир мекунанд ва ҷазои сахт ҳам медиҳанд.

Вазъи мағозаҳои бузурги шаҳрҳои Лондон, Италия, Испания ва чанд кишвари дигарро аз тасвирбаёни мо мушоҳида кунед.

1 / 9
Харидоре дар мағозаи Испания. Рафҳои мағазин холӣ монданд
2 / 9
Вазъият дар Порис низ нигаронкунанда аст. Мағозаҳои ин шаҳр низ қариб холӣ мондаанд
3 / 9
Айнан ҳамин вазъият дар Белгия низ аст. Харидорони аз коронавирус дар ваҳм афтода аз пайи хариди маводи ғизоӣ мебошанд
4 / 9
Рафҳои мағозаҳои Дания низ қариб холӣ мондаанд
5 / 9
Сокинони Лондон низ дӯконҳои хӯроквориро орӣ намуданд
6 / 9
Дар Италия, ки вазъият дар робита ба маризии коронавирус бисёр нигаронкунанда аст, мағозаҳо қариб бе маводи озӯқаворӣ мондаанд
7 / 9
Вазъ дар Ирландия ба фарқ аз дигар кишварҳо беҳтар аст, аммо сокинони ин ҷо низ дар изтиробанд ва аз пайи хариди хӯрокворӣ қарор доранд
8 / 9
Харидори ниқобпӯш дар мағозаи калони хӯрокворӣ дар Афина
9 / 9
Сокинони Нидерландия низ ваҳмзада ҳастанд ва рафҳои мағозаҳо дар ин ҷо қариб орӣ аз хӯрокворӣ мебошанд