Оҳайои Амрико: мақомот аз 100 ҳазор гирифтори "вируси тоҷдор" мегӯянд

Губернатори Оҳайо Майк ДеВайн ва Эми Эктон ба мардуми Оҳайо тавсия додаанд, ки дар хонаҳои худ бимонанд, то ин ки низоми санҷишӣ пурра ҷорӣ шуда, вазъро муайян кунад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 март – Sputnik. Эми Эктон, сардори Департаменти тандурустии Оҳайо тахмин мезанад, ки 100 ҳазор сокини ин иёлати шимолу шарқии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гирифтори “вируси тоҷдор” ҳастанд.

"Ба мо ин маълум аст, ки аз рӯи далоили мавҷуд дар бораи густариши вирус миёни сокинон дасти кам 1% - и аҳолии иёлат ва ин ҳам ҳадди ақал, ҳомили "вируси тоҷдор" дар Оҳайо ҳастанд. Мо 11,7 миллион сокин дорем. Ҳамин тавр, ин рақам болотар аз 100 ҳазор аст", - гуфтааст хонум Эктон зимни як нишасти матбуотӣ.

Бино ба иттилои расмӣ, дар Оҳайо то ба ҳол панҷ мавриди гирифторӣ ба "вируси тоҷдор" сабти ном шудааст. Эктон гуфтааст, ки вазъи воқеии густариши ин вирус ба далели роҳандозии заъифи низоми санҷишӣ рӯшан нест.

Президенти Бразилия мубталои коронавирус шуд

Губернатори Оҳайо Майк ДеВайн ва Эми Эктон ба мардуми Оҳайо тавсия додаанд, ки дар хонаҳои худ бимонанд, то ин ки низоми санҷишӣ пурра ҷорӣ шуда, вазъро муайян кунад.

Онҳо фармон додаанд, ки мардум аз 100 нафар зиёд дар як утоқ ҷамъ нашаванд. Бино ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, то соати 10 – и 13 март теъдоди мубталоёни “вируси тоҷдор” ба 132 ҳазору 758 (7499 мавриди ҷадид) ва теъдоди фавтидагон ба 4955 (342 мавриди ҷадид) расидааст.

Дар Чин, хостгоҳи "вируси тоҷдор", 80 ҳазору 991 маврид (11 мавриди ҷадид) ва 3180 фавт (7 мавриди ҷадид) сабт шудааст, ки бамаротиб коҳиш ёфтани шуюъи ин вирусро бармало мекунад.

Чин мутахассисонашро ба Эрону Ироқ ва Италия фиристодааст. Аммо дар хориҷ аз Чин теъдоди гирифторон ба 51 ҳазору 767 нафар (7488 мавриди ҷадид), мавориди фавт ба 1775 нафар (335 мавриди ҷадид) расидааст.

Ҳоло дар 122 кишвари ҷаҳон (5 кишвари нав) мавориди мусбати ин вирус расман сабт шудаанд. 13 март аввалин мавориди гирифторӣ ба “вируси тоҷдор” дар Осиёи Марказӣ низ сабт шуд. Инҳо ду шаҳрванди Қазоқистонанд, ки аз Германия ворид шудаанд.