“Кордону пурэнержӣ”: Дилафрӯз Рустамова – кадри аввалини Нуриддин Саид

Дилафрӯз Рустамова, муовини декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ мудири барномаҳои “Радиои Тоҷикистон” таъин шуд. Ин вазифаро аз соли 2015 ба ин сӯ Фаррух Зиёзодаро бар дӯш дошт
Sputnik

Душанбе, 13 март - Sputnik. Нуриддин Саид, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар ба “Sputnik Тоҷикистон” гуфт, ин фармонро 13 март имзо кард ва далели интихоби Дилафрӯз Рустамова ба раҳбарии барномаҳои радиоӣ қабл аз ҳама кордонӣ, самимият ва пурэнержӣ будани ӯст: “Ба ҷуз ин Дилафрӯз Рустамова муҳаққиқи ҳамин соҳа аст ва камбудиҳои онро хуб дарк мекунаду масъулиятшинос аст.

Рӯзи матбуоти тоҷик: сууди “давлатиҳо” ва суқути “ғайридавлатиҳо”

Мо чанд номзад доштем, аммо маслиҳат донистем, ки маҳз ба ҳамин кас вазифаро бовар кунем”, - гуфт Нуриддин Саид.

“Барномаҳои радиои Тоҷикистон” таъбире куллӣ аз чаҳор радиои расмии Кумитаи радио ва телевизиони назди ҳукумати Тоҷикистон - “Фарҳанг”, Овози тоҷик”, “Садои Душанбе” ва “Тоҷикистон” аст, ки ҳар яке махсусияти хешро дорад.

 Дилафрӯз Рустамова дар тамос бо “Sputnik Тоҷикистон” гуфт, то ҷое аз фаъолияти ин радиоҳо огоҳ аст ва ҳоло дастуре, ки аз раҳбарияти Кумита гирифтааст, ин аст, ки сари тақвияти барномаҳо кор шавад.

 “Талоши мо бар ин хоҳад буд, ки барномаҳои радиоӣ муосиртару посухгӯи замон бошанд. Ҳоло тасмим дорем як моҳи расо онҳоро омӯзем, сипас бо ҳайатҳои эҷодӣ биншинему машварат кунем, ки чӣ кор метавонем кунем”, - гуфт мудири нави барномаҳои “Радиои Тоҷикистон”.

 Дилафрӯз Рустамова 28 майи соли 1975 ба дунё омада, соли 1998 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) – ро хатм кардааст.

Тағйирот дар Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон: раиси нав интихоб шуд

Пас аз хатми донишгоҳ ассистенти кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ, омӯзгори кафедраи журналистикаи байналхалқӣ, муаллими калони кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ буд.

Моҳи январи соли равон муовини декани факултети журналистика оид ба тарбия таъин шуд. Ӯ дар мавзӯи "Проблемаҳои риояи меъёрҳои этикаи касбӣ дар барномаҳои Радиои Тоҷикистон" (2019) таҳти роҳбарии академик Имомзода Муҳаммадюсуф рисолаи илмии худро дифоъ намуда, унвони номзади илмҳои филологиро соҳиб шудааст.