Ӯзбекистон ва Тоҷикистон канали калони Ҳисорро тоза мекунанд

Тибқи нақша дар ҳудуди шаҳри Ҳисор 18 км корҳои поксозии дохил ва канораҳои канал ба анҷом расонида мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар асоси шартнома, рӯзи 5 марти соли 2020 ба шаҳри Ҳисор 9 адад техникаи махсус (эксковаторҳои тасмачарх) бо ронандагонашон аз Ӯзбекистон ба тоза намудани канали калони Ҳисор оғоз карданд.

Тоҷикистону Ӯзбекистон масоили қимати барқу газро баррасӣ хоҳанд кард

Бино ба гузорши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, корҳои тозаю барқароркунии канали калони Ҳисор рӯзи 8-уми марти соли ҷорӣ аз ҷамоати шаҳраки Ҳисор, маҳаллаи Берунӣ, кӯчаи Бедил, нуқтаи 276-50 обгузари канали калони Ҳисор оғоз гардид.

Корҳо то мавзеи сарбанди канал - дарёи Душанбе, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе идома меёбад.

"Тибқи нақша дар ҳудуди шаҳри Ҳисор 18 км корҳои поксозии дохил ва канораҳои канали номбурда ба анҷом расонида мешавад", - омадааст дар хабарнома.          

То рӯи 11-уми марти соли равон ҳудуди 6,3 км (3,15км  ва 3,15км аз ду канори канал) корҳои тозаю барқароркунии канораҳои канали калони Ҳисор анҷом шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Илова бар ин, рӯзи 11 марти соли 2020 аз ҷониби Мақомоти шарҳи Ҳисор 3 адад техникаи махсус ва 30 нафар аз ҷумлаи сокинони рустоҳои канори канал барои тоза намудани канали калони Ҳисор аз партовҳо ва дарахтони атрофи он сафарбар карда шудаанд. 

Манбаъ афзуда, ки ронандагони эксковаторҳо аз Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо се вақт ғизои гарм ва ҷои хоб пурра таъмин карда шудаанд.