Шумори гирифторони коронавирус дар Қазоқистон ба се нафар расид

Вазири беҳдошти Қазоқистон шумори сироятёфтагони маризии сироятии коронавирусро ба се нафар арзёбӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Дар Қазоқистон ҳолати саввуми гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардид, изҳор доштааст Вазири беҳдошти ин кишвар.

"Алъон хабари гирифторшавии як қазоқистонии дигар ба маризии коронавирусро дастрас намудем. Номбурда  ҷавонзан буда, рӯзи 12 - уми март аз шаҳри Милани Италия ба Нур - Султон ворид шудааст. Ӯро фавран аз дохили ҳавопаймо берун намуда, ба карантин фиристоданд". - афзудааст Елжан Биртанов.

Вазир илова намуд, ки феълан 90 мусофири ин ҳавопаймо мавриди санҷиши табибон қарор доранд.

Коронавирус – афсона ё ҳақиқат

Ҳавопаймои мусофирбар рӯзи 12 - уми март, тариқи хатсайри Италия - Москва - Нур - Султон бо 90 сарнишин, ки аз ин миён 37 шаҳрванди Қазоқистон, 42 рус ва 11 шаҳрванди дигар кишварҳо буданд, ворид шуданд.

Барои пешгирии коронавирус: Ҷопон ба Тоҷикистон таҷҳизоти тиббӣ мефиристад

Қаблан Вазорати тандурустии Қазоқистон аз ду ҳолати гирифторшавии шаҳрвандонаш ба маризии коронавирус хабар дод. Дардмандҳо аз Олмон вориди Қазоқистон шуда, феълан дар Алма - Ато дар карантин, зери назорати табибон қарор доранд.