Шаҳри шабаҳ: кӯчаҳои холии Милан - навор

Минтақаи аз ҳама пурҷӯши хурӯши Аврупо акнун ба як макони холӣ мубаддал гардидааст. Агар қаблан шоҳроҳ, кӯчаву пасткӯчаҳои шаҳри Милан пуриздиҳом буд, феълан кам андар кам мошину роҳгузарҳо ба чашм меафтанд
Sputnik

Чанде қабл ба шабакаҳои иҷтимоӣ навори шаҳри шабаҳи Милан роҳ ёфтааст, ки аз дидани ин навор аксари корбарон шокӣ шудаанд.

Ба Осиёи Марказӣ расид: нахустин ҳолати гирифтории коронавирус дар Қазоқистон

Корбарон аз он изҳори нигаронӣ намудаанд, ки кӯчаҳои қаблан пуриздиҳоми Милан акнун холибод шудаанд.

Феълан, вазъият дар Италия дар робита ба хуруҷи маризии сироятии коронавирус даҳшатангез аст, чун 600 дардманд дар ин кишвар аллакай ҷон аз даст додаанд.

Чин: коронавирусро сарбозони Амрико ба Вуҳан оварданд

Дар робита ба ин, ҳукумати Италия аз вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони худ ҷилавгирӣ намудааст.

Бояд гуфт, ки алъон маризии коронавирус ба 111 кишвари қора доман задааст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ахиран коронавирусро пандемия эълон кард.