Барои пешгирии коронавирус: Ҷопон ба Тоҷикистон таҷҳизоти тиббӣ мефиристад

Ин масъаларо вазири тандурустии Тоҷикистон Насим Олимзода бо сафири  Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита ва роҳбари намояндаи Агентии  Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JIKA) дар Тоҷикистон, Хидеки Танабе баррасӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Имрӯз, 13 март вазири тандурустии Тоҷикистон Насим Олимзода бо сафири  Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита ва роҳбари намояндаи Агентии  Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JIKA) дар Тоҷикистон, Хидеки Танабе мулоқот кардааст.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, дар ин мулоқот масъалаҳои мубориза бар зидди пешгирии сирояти коронавирус байни Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ шудааст.

Изҳороти вазири беҳдошти Қазоқистон пас аз ошкоршавии ду дардманди коронавирус

Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо дар самти пешгирии сирояти коронавирус, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ибзҳор намудаанд.

Ба Осиёи Марказӣ расид: нахустин ҳолати гирифтории коронавирус дар Қазоқистон

Қайд гардидааст, ки бо ташаббуси сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон аз ҷониби Намояндаи Агентии  Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JIKA) дар Тоҷикистон рӯзҳои наздик таҷҳизоти тиббӣ барои пешгирии сирояти коронавирус ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида хоҳад шуд.

Олимзода барои дастгириҳои пайвастаи соҳа ба Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва Намояндаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JIKA) дар Тоҷикистон  изҳори миннатдорӣ кардааст.