Наврӯз ва саломатӣ: ташхиси тиббии ройгони тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон

Озмоишгоҳи миллии референсии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро ба ташхиси ройгон даъват мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik.Озмоишгоҳи миллии референсии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз 1 то 21 марти соли равон  тамоми шаҳрвандони мамлакатро ба ташхиси ройгон  барои муайян кардани диабети қанд, хун барои уфунат ва гепатити Б фаро хоҳад гирифт.

Тӯҳфаи Вазорати беҳдошт ба бонувони тоҷик: "аз ташхиси ройгон мегузаронем"
Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, озмоишгоҳ ҳамчунин бахшида ба Рӯзи модар аз 1 то 8 март ба тамоми занону духтарони мамлакат ташхиси се намуд кандидоз-албиканс, глабрата, круз, хун барои уфунат ва гепатити Б-ро  ба таври ройгон ба роҳ монд.

Дар доираи иқдоми мазкур ба 289 нафар занони муроҷиатнамуда ташхисҳои зикргардида ба таври ройгон расонида шуданд.

Ҳамин тавр, хоҳишмандон метавонанд то 21 март барои ташхиси ройгон ба ин озмоишгоҳ муроҷиат кунанд.

"Хоҳишманон метавонанд наҳорӣ накарда, аз соати 8-и субҳ то то 11-и рӯз ба озмоишгоҳи мазкур муроҷиат  намоянд. Суроға: шаҳри Душанбе, шаҳраки Шифобахш (Қараболо)", - омадааст дар гузориши вазорат.