ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд дар соли гузашта ба кишварҳои худ 25 миллиард рубл интиқол додаанд, иттилоъ додааст ба хабаргузории ТАСС додситони шаҳри Маскав Денис Петров.
“Ба ҳамагон маълум аст, ки муҳимтарин усули пулравонкунӣ, ин низомҳои интиқоли пул мебошад. Бо ҳамин усул, соли гузашта аз ҳудуди шаҳри Маскав шаҳрвандони хориҷӣ ба кишварҳои худ 25 миллиард рубл интиқол доданд”, - иттилоъ дод вай.
Бештари маблағҳо ба тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон интиқол дода шудааст. Ҳамзамон Попов таъкид кард, ки додситонӣ таҳлилҳоро дар ҳамкорӣбо росфинмониторинг анҷом додааст.
Ёдрас мешавем, ки дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ ва нафтӣ арзиши нафт ба маротиб коҳиш ёфт. Ин раванд ба қурби асъори хориҷӣ аз ҷумла доллар ва евро таъсир гузошт. Барои мисол дар Тоҷикистон беқурбшавии рубли русӣ ва болоравии нархи хариди доллар мушоҳида шуда буд.
Ҳамин тавр поин омадани арзиши рубли русӣ ба интиқоли маблағ ба Тоҷикистон таъсири манфӣ гузошта қурби мубодилавии рубли русӣ наздик ба 10 дарсад коҳиш ёфт.