ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки пас аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ худро раиси давлати ҳамашумули Афғонистон эълон кард, гуфт, пас аз маросими таҳлиф давраи кори ҳукумати Ваҳдати миллӣ поён ёфтааст ва ӯ ба зудӣ дар бораи муаррифии “раиси иҷроияи давлати ҳамашумул” фармон содир хоҳад кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар як эъломия, ки ахиран ба чоп расидааст, омадааст, "Ашраф Ғанӣ дигар раисҷумҳур нест ва фармонҳои вай дар Афғонистон эътибор надоранд".
Дар ин эъломия аз кормандони низомӣ ва ғайринизомии раёсати иҷроияи пешин хоста шудааст, ки ба вазоиф ва масъулиятҳои рӯзмараашон идома диҳанд.
Ахиран дар Афғонистон ду президент маросими таҳлиф ё савгандёдкунӣ баргузор намуда, ҳар яке худро президент эълон кард.
Ашраф Ғанӣ дар қасри президент қасам ёд кард ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, шикасташро дар интихобот эътироф накарда, ин маросимро дар қасри раиси иҷроия баргузор намуд.
Интихоботи президентӣ дар Афғонистон 28 сентябри соли гузашта баргузор шуд. Бино бар натиҷаҳои ниҳоӣ, бештари овозҳо - 50,64 дарсадро Ашраф
Ғанӣ ба даст овард.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ 39,52 дарсади ороро соҳиб шуд ва мақоми дувумро ба даст овард. Вай натиҷаҳои интихоботро напазируфта, талаб намуд, ки овозҳо бозшуморӣ шаванд.
Аммо баъди бозшумории овозҳо низ натиҷаҳо Абдуллоҳро қонеъ накарданд ва ӯ пирӯзии худро дар интихобот эълон намуд.