"Ҳанги ҷовидон" лағв мешавад? Маскав то як моҳ баргузории чорабиниҳои оммавиро манъ кард

Бар тибқи иттилои расонаҳо, феълан дар Маскав масъалаи манъи баргузории "Ҳанги ҷовидон" мавриди баррасӣ қарор дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ҳукумати Маскав тасмим гирифтааст, дар робита ба даҳшати маризии сироятии коронавирус дар ҷаҳон, баргузории чорабиниҳои оммавиро то як моҳи охир лағв кунад.

Коронавирус ба мансабдорон ҳам расид: муовини вазири Бритониё низ гирифтори ин беморӣ шуд

Гап сари чорабиниҳое меравад, ки ҳузури беш аз 5 ҳазор одамро дарбар мегирад. Ба эҳтимоли зиёд "Ҳанги ҷовидон" низ ба феҳрасти чорабиниҳои манъгардида шомил гардад.

Қарори лағви чорабиниҳои оммавӣ то 10 - уми апрелро шаҳрдори Маскав Сергей Собянин ба тасвиб расондааст.

Зимнан, ҳамаи шаҳрвандони Русия дар сурати қарор доштан дар кишварҳое, ки он ҷо маризии коронавирус доман задааст, ҳангоми ба ватан омадан, ҳатман бояд аз омадани худ мақомоти дахлдорро хабардор кунанд. Инчунин, агар ягон нишонаи ин маризӣ дар онҳо зуҳур кунанд, билфосила бояд пизишконро ба манзили худ даъват намоянд.

Пирӯзӣ аз Помир то Кремл: "Ҳанги ҷовидон"-и тоҷикон дар Маскав-видео

Бар тибқи маълумотҳо, дар Русия 20 ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидаст, ки ду мавриди сироятёбӣ дар шаҳрвандони Чин ва 17 ҳолати дигар дар русҳо ба қайд гирифта шуд.

Гуфта мешавад, аз нисф зиёди шаҳрвандони сироятшуда дар Русия  шифо ёфта аз бемористонҳо мураххас шуданд.

Қобили зикр аст, ки теъдоди дардмандони ин маризӣ, марзи 117 ҳазор нафарро убур кардааст. Дар ҳамин ҳол, зиёда аз 4 ҳазор бемор фавтиданд ва беш аз 65 ҳазор нафар шифо ёфтанд.