Амрико ба хуруҷи низомиёни ҳарбияш аз қаламрави Афғонистон шурӯъ кардааст.
Хориҷ шудани низомиёни амрикоӣ аз хоки Афғонистон шарти асосии тасвиби созишномаи сулҳ буд, ки ахиран аз ҷониби Амрико, НАТО ва ҷангиёни Толибон ба имзо расид.Гуфта мешавад, бо гузашти 14 моҳ бояд ягон низомии хориҷӣ дар қаламрави Афғонистон боқӣ намонад.
Феълан, тибқи созишномаи мазкур, давоми 135 рӯз теъдоди низомиёни амрикоӣ дар ин кишвар бояд ба андозаи 8,6 ҳазор ҳарбӣ коҳиш дода шаванд.
"Ат-тоҷикӣ": яке аз ҳамлагарони Кобул шаҳрванди Тоҷикистон гуфта мешавад
Ёдовар мешавем, ки созишномаи сулҳ миёни Амрико, НАТО ва Толибон рӯзи 29 - уми феврал дар Қатар ба имзо расид.
Аммо бо гузашти ҳамагӣ 2 рӯз пас аз имзои созишнома, Толибон низомиёни ватаниро ҳадафи ҳамла қарор доранд ва чанд сарбози афғонро дар наздикии марзи Тоҷикистон ба гарав гирифтанд.
Зимнан, 4 - уми март, низомиёни хориҷӣ дар Афғонистон ба манотиқҳои маскуни Толибон ҳамлаи ҷавобӣ расонданд.
Қобили зикр аст, ки низомиёни Амрико пас аз ҳамалоти 11 - уми сентябри соли 2011, ба Афғонистон зада даромаданд ва акнун 20 - сол мешавад, ки дар ин кишвари исломӣ мустақар ҳастанд.