ДУШАНБЕ, 11 мар – Sputnik. Ҳакимзода аҳли қаламро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат вобаста ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон даъват намуд, хабар дод котиботи ҳукумати вилоят.
"Инъикоси заҳмати соҳибкорон, бинокорон, фаъолияти раисони маҳаллаҳо ва ҳамаи онҳое, ки дар корҳои ободонӣ саҳм мегузоранд, рӯҳияи мардумро баланд мебардорад", - зикр кард раиси вилоят.
Ӯ афзуд, ки аз ин рӯ, вобаста ба инъикоси дастовардҳои аҳли заҳмати Хатлонзамин бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар байни рӯзноманигорон озмуни эҷодӣ баргузор мешавад.
“Барои ғолиби ҷойи якум – 10 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дувум 5000 ва барои ҷойи сеюм 2500 сомонӣ ҷоиза аз рӯйи якчанд номинатсия тақдим хоҳад шуд”, - хабар дод манбаъ.
Ҳукумати Хатлон таъкид намудаст, ки озмун дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ имсол ва соли 2021 натиҷагирӣ шуда, ҷоизаҳо тақдим мегарданд.