ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар Маскав кормандони мақомот хабари расонаҳоро дар бораи хатнаи нодурусти як писарак дар шароити хона тафтиш мекунанд.
Дар ин бора ба оҷонсии "Москва" ёвари калони Раёсати шаҳрии тафтишотии Кумитаи тафтишотии Русия Юлия Иванова хабар додааст.
Пештар расонаҳои Русия хабар доданд, ки дар як бинои истиқоматие дар ҷанубу шарқи Маскав кӯдакеро хатна карданд. Ин амалиёти тиббиро, ки наздикони кӯдак гузаронидаанд, бо хунрезии шадид анҷом ёфтааст.
"Феълан, чорабиниҳои тафтишотӣ анҷом дода мешавад, ки дар натиҷа тамоми далелҳои дар хабар омода, санҷида мешаванд", - гуфтааст Иванова.
Ёдрас мешавем, ду сол пеш дар Маскав як писараки тоҷик пас аз хатна дар хона аз ҳуш рафта буд. Хушбахтона, пизишкон он замон тавонистанд писаракро наҷот диҳанд.
Ҷаримаи модар барои хатнатӯйи ғайриқонунии писараш