Бидуни дахолат, истифода аз силоҳ ва музокирот: Жээнбеков ҳалли мушкилоти марзиро гуфт

Жээнбеков аз сокинони Ботканд дархост намуд, ки ба таҳрикҳои шахсони манфиатҷӯ аз муноқишаҳои марзӣ, дода нашаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ба изҳори раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, масъалаҳои байнисарҳадӣ бояд дар доираи мулоҳизаҳои сокинони бумӣ баррасӣ ва ҳал шаванд.

“Қитъаҳои боқимонда” Манобеъи расмӣ дар табодули марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Қирғизистон, имрӯз Сооронбой Жээнбеков бо сокинони Лейлаки ноҳияи Исфана вохӯрӣ баргузор намуд.

Дар ҷараёни сӯҳбат бо сокинони ин минтақа, Жээнбеков се роҳи ҳалли мушкилоти марзиро номбар кард.

Оғози гуфтушунидҳо бо Қирғизистон: Азим Иброҳим ба Ботканд рафт

Нахустин роҳи ҳалли мушкилоти марзиро, раисҷумҳури Қирғизистон дар дахолат накардан ба вазъияти рухдода арзёбӣ мекунад.

Усули дуюм истифодаи қувва мебошад. Сиёсатмадори қирғиз бар ин аст, ки агар тарафҳо аз созиш кардан саркашӣ мекунанд, ин масъала бо роҳи истифода аз силоҳ ҳал мешавад. Ниҳоят, усули саввум нишастан сари мизи музокирот аст, мегӯяд Жээнбеков.

Кишвардори Қирғизистон мегӯяд, солҳои охир музокирот бо ҷониби Тоҷикистон сари масъалаи мушкилоти сарҳадӣ тақвият меёбад. Ба гуфтаи вай, ҳар ду ҷониб барои муколамаи созанда бо назардошти далелҳои ҳамдигар ҳавасманд  мебошанд.

"Ҳама мушкилот бояд бо назардошти афкори мардуми маҳаллӣ ҳал шавад. Пойдории марз на танҳо ба қувваи артиш, балки бо рӯҳия ва ҳисси ватандӯстии сокинон низ чен карда мешавад. Албатта, раванди гуфтушунид вақтро талаб мекунад ва ҳеҷ вақт дар зудтарин фурсат ба итмом намерасад. Аз ин рӯ, аз мо на танҳо ҳикмат талаб мешавад, балки сабр низ", - таъкид намудаст кишвардори Қирғизистон.

Дар идома Жээнбеков аз сокинони Ботканд даъват намудаст, ки ба таҳрики гурӯҳҳои манфиатдор аз муноқишаҳои марзӣ, ҳаргиз дода нашаванд.