Супоришҳои мушаххаси Олимзода ба масъулин барои пешгирии интиқоли корнавирус ба Тоҷикистон

Насим Олимзода ҷиҳати пешгирӣ аз интиқоли коронавирус ба Тоҷикистон  ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Имрӯз, 10 март, таҳти роҳбарии вазири тандурустии Тоҷикистон Насим Олимзода ҷаласаи навбатии ситоди вазорат оид ба пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба Тоҷикистон баргузор гардидааст.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, Насим Олимзода, вобаста ба вазъи кунунии сирояти коронавирус дар тамоми ҷаҳон ибрози андеша намуда, аз ҷумла таъкид доштааст, ки мутаассифона рӯз то рӯз шумораи кишварҳое, ки дар онҳо сирояти коронавирус ба қайд гирифта мешавад, дар ҳоли афзоиш аст.

Муҳим: дар Тоҷикистон нақшаи вокуниш ба коронавирус таҳия мешавад

Бояд гуфт, ки айни замон сирояти коронавирус дар 114 кишвари олам ба  қайд гирифта шуда, бештар аз 110 ҳазор нафар ба он гирифтор шудаанд. Ин вазъият мутахассисони тоҷик, аз ҷумла масъулони ҳама вазорату идораҳои дахлдори кишварро водор месозад, ки чораҳои қатъиро нисбати пешгирии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон роҳандозӣ ва боз ҳам пурзӯр намоянд.

Ҳарчанд, ки то имрӯз дар ин  самт чораҳои мушаххас-қатъи парвозҳои ҳавоӣ ба 6 кишвари осебпазири сирояти мазкур, пурзӯр намудани корҳои назоратӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ, маҳдуд намудани чорабиниҳои оммавӣ, манъи намозҳои дастаҷамъонаи панҷвақта ва намози ҷумъа, ба истиснои намози ҷаноза ва дигар тадбирҳои андешидашуда рӯйи кор гирифта шудаанд, аммо бо вуҷуди ин, дар сатҳи ҳар як қатор вазорату идораҳои мухталифи кишвар нақшаҳои мушаххаси чораҳои пешгирӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шаванд.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли сирояти коронавирус дар сатҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар ситоди корӣ ва байниидоравӣ фаъолият менамояд.

"Вазири тандурустӣ  Насим Олимзода бо назардошти вазъи кунунии сирояти коронавирус дар тамоми ҷаҳон ҷиҳати пешгирӣ аз интиқоли  вируси мазкур ба Тоҷикистон  ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи маълумотҳои мавҷуда, аз 1 феврал то 9 марти соли равон 1566 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Эрон ва Афғонистон ба Тоҷикистон ворид гардиданд, ба карантин фаро гирифта шуданд.