Рустами Эмомалӣ вазорату идоранишинҳоро ба бозии футбол мебарорад

Барои дарёфти "Ҷоми пойтахт" бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе мусобиқаи футбол доир мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Дар ин бора қарори вижаи шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст.

Тавре дар санади раиси шаҳр омадааст, мусобиқаи футбол ба таҷлили Рӯзи пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе бахшида мешавад. Дар он кормандони вазорату идораҳо ба майдони футбол мебароянд.

Футбол бе тамошобинон: дастури Рустами Эмомалӣ дар бораи бозии “Истиқлол” ва “Хуҷанд”
Гуфта мешавад, мусобиқа  дар майдончаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон аз 13 март то 17 апрели соли 2020 баргузор карда мешавад.

"Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби  маблағҳои фонди рушди пойтахт ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри  Душанбе  тибқи  харҷномаи замимагардида бо    дарназардошти андоз маблағи 128 800 (яксаду бисту ҳаштҳазору ҳашсад) сомонӣ ҷудо намояд", - омадааст дар банди 2-и қарори раиси шаҳр.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Муассисаи давлатии "Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ", дар ҳамкорию ҳамоҳангсозӣ бо кумитаи тадорукот, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе ӯҳдадор шудаанд, ки барои даъват ва ҷалби дастаҳои футболи кормандони вазорату идораҳо ва раёсату муассисаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Тавсиф аз кӯчарӯбу раисаҳо: Рустами Эмомалӣ гуфт, занонро бештар ба роҳбарӣ ҷалб мекунад

Тибқи супориши Рустам Эмомалӣ раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, бояд ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии “Ёрии таъҷилӣ” ва дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқа чораҳои зарурӣ андешанд.