Пешгӯии сардухтур: коронавирус ҳафтаи равон ба Қазоқистон мерасад

Ба иттилои сардухтури Беморхонаи сироятӣ дар Қазоқистон, эҳтимол маризии сироятии коронавирус ҳафтаи равон ба ин кишвар мерасад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Жандарбек Бекшин сардухтури беморхонаи сироятӣ дар Қазоқистон зимни нишасти матбуотӣ аз эҳтимолияти расидани маризии коронавирус ба кишвар дар ҳафтаи равон хабар дод.

Супоришҳои мушаххаси Олимзода ба масъулин барои пешгирии интиқоли корнавирус ба Тоҷикистон

Бекшин дар ҷамъи хабарнигорон санаи зуҳури ин маризӣ дар Қазоқистонро эълом кард. Ба иттилои ӯ, тахминан аз 11 то 16 - уми март,  маризии коронавирус ба Қазоқистон мерасад.

Дар ин робита Вазорати беҳдоштро лозим аст, ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии маризӣ чораҳои махсусро роҳандозӣ намояд.

На танҳо таб ва сулфа: нишонаҳои нави коронавирус маълум шуданд

Сардухтури қазоқ таъкид намудаст, ки дар сурати пайдо шудани нахустин ҳолати гирифторӣ ба ин маризӣ, вазорат зуд аз пайи пиёда намудани чораҳои махсус хоҳад шуд.

Зимнан, Бекшин изҳор доштаст, ки санаи эъломшуда, пешгӯиҳои математикии олимон аст ва шояд тасдиқ нагарданд.

"Мо ҳоло дар робита ба вазъи кунунӣ фаъолият мебарем ва дурнамои онро низ пешгӯӣ мекунем. Мо вазъро моделсозӣ карда истодаем.  Феълан мо дар ҳалқа қарор дорем,  ва ин вазъияти нохуб моро ҳам домангир мешавад, аммо "кай?" номаълум аст. Олимон мегӯянд, ки маризӣ метавонад 10 - уми март ва ё 16 - уми март ба Қазоқистон расад. Бояд иқрор шуд, ки ин танҳо пешгӯӣ аст. Пешгӯӣ метавонад амалӣ ҳам нашавад", - илова намудаст Жандарбек Бекшин.

Бар тибқи маълумоти ахир, дар Чин 80754 нафар дардманди ин беморӣ мебошанд. Зимнан, 3136 нафар ҷон бохтанд ва ҷони 60 ҳазор бемор наҷот дода шуд.