Некрӯз Ниёзов - сарояндаи ҷавоне, ки сурудҳои Нигина ва Шабнамро танзим мекунад - видео

Сарояндаи ҷавони тоҷик Нерӯз Ниёзов, ки миёни мардум чун каверсарои сурудҳои шодравон Мукобаркшо машҳур аст, дар бораи зиндагии шахсӣ ва нақшаҳои эҷодӣ гуфт
Sputnik

Нерӯз Ниёзов дар барномаи "Муҳити зинда"-и Радиои нав чанд сурудро ба таври зинда сароид ва дар бораи фаъолияти эҷодияш нақл кард.

Суҳбати Мадина: аз ишқ дар маршировка то муҳоҷирату пулёбӣ ва ҷарроҳии пластикии ситораҳо

Дар рафти барнома, Некрӯз сурудҳои "Аз ту бегонатаре нест", "Аҷаб дилбар ки ман дидам", "Духтари тоҷик" ва суруди шодравон Муборакшо - "Хиромон гашта меоӣ ба сӯям"-ро сароид.

Бобати фаъолияти эҷодияш Некрӯз гуфт, дар хонаводаи мусиқачиён ба дунё омадаасту коллеҷи мусиқавии ба номи Аҳмад Бобоқуловро хатм кардааст, вале овозхониро чанд сол пеш оғоз намудааст.

"Ман аввал танҳо асбобҳои клавишӣ менавохтам. Баъд ҷое суруди шодравон Муборакшо "Ай ҷони ман асират" - ро сароидам ва дар шабакаҳои интернет паҳн кардам. Ин суруд ҳам ба ман писанд омад ва дар шабакаҳои интернет ба ҳама маъқул шуд. Баъд ман сароиданро сар кардам", - гуфт Нерӯз Ниёзов. 

Сароянда мегӯяд, ба хотири пайдо кардани илҳом ва омӯхтани нозукиҳои мусиқӣ сурудҳои овозхонони барҷаста аз қабили шодравон Муборакшо, Манижа Давлатова, Шабнам Сурайё ва ғайраҳоро бозхонӣ мекунад.

Нигина Амонқулова дар бораи мусоҳиба бо рӯзноманигорон: "фақат мегурезем"

"Сурудҳои ман ҳам бисёр ҳастанд, вале бисёре аз онҳо пухта нест", - гуфт Некрӯз ва афзуд, ки дар оянда сурудҳоро коркард ва пешкаши мухлисон хоҳад кард.

Соли 2018 намоҳанги Некрӯз таҳти унвони "Оҳиста оҳиста" нашр шуд, ки аз ишқи нокоми ин сарояндаи ҷавон нақл мекунад.

Шабнам гирён шуд: тарки саҳна, муносибати падарандар бо писар ва дигар ногуфтаҳои Шабнам

"Ҳар як суруде ки ман мехонам ба ман дахл дорад ва аз зиндагии ман аст", - гуфт Нерӯз ва қисса кард, ки дӯстдухтараш ба хотири санъаткор будани Некрӯз аз ӯ ҷудо шудааст.

"Ман ҳам гуфтам, агра рафтӣ бирав, вале ман дигар ба қафо нигоҳ намекунам. Агар равӣ ҳам, пушаймон намешавам. Ман пушаймон нестам", - гуфт Некрӯз.

Дар бораи дуэт бо Меҳрнигори Рустам, ки имрӯзҳо шунавандагони зиёдеро дар Youtube ҷамъ кардааст, Нерӯз мегӯяд, фикри амакаш навозандаи чирадаст - Хушбахт Ниёзов будааст.

Некрӯз Ниёзов студияи худро дорад ва ҳатто барои сиртораҳои эстрадаи тоҷик аз қабили Нигина Амонқулова ва Шабнами Сураё оранжировка ё танзими суруд анҷом медиҳад.

Некрӯз Ниёзов нақша дорад тобистони имсол нахустин консерти худро дар Маскав ва баъд дар Душанбе баргузор кунад.

Ҳамчунин ӯ хабар дод, ки ояндаи наздик барои мухлисионаш дуэтеро ҳамроҳи духтари зебое, ки номашро ифшо накард, пешкаш хоҳад кард.