ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Бино ба гузориши пойгоҳҳои иттилоотии Эрон, иддае аз сокинони шаҳри Ахвози вилояти Албурзи Эрон ба дунболи ин шоеот рафта нушокии спирти метилиро нӯшидаанд, ки дар пайи он 28 нафар ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои манобеъ, дар пайи талоши табибон вазъи 112 нафари дигар беҳбуд ёфтааст.
Гуфта мешавад, шоеот дар бораи гӯё давоми коронавирус нушокии спиртӣ бошад, дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст.
Алӣ Биронванд, муовин додситон умумӣ ва инқилоб Ахвоз гуфтааст, бо овозаи паҳншавии коронавирус дар бозорҳо спирти этанол камчин гашта ва бархе судҷӯён барои фоида ба ҷойи он спирти метилиро фурӯхтаанд, ки ҳоло панҷ тан аз ин нафарон боздошт гаштаанд.
Дар мавриди гирифторони коронавирус ахиран Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба ибтилои 6566 нафар ба коронавирус дар кишвар гуфт: Мутаассифона то кунун 194 нафар бар асари ибтило ба ин вирус ҷони худро аз даст додаанд, иттилоъ додааст хабаргузории "Parstoday".
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, ки то кунун 2134 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба бемории коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд
Хурӯҷи бемории коронавирус декабри соли 2019 аз шаҳри Вуҳани Чин оғоз шуд ва зоҳиран маншаи он, ҳайвоноти ғайриаҳлӣ будааст.
Ин вирус акнун илова бар Чин, ба 103 кишвари дигар низ сироят кардааст.
Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 106 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод, беш аз 60 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва ҳудуди 3600 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.