Оғози санҷиши болинии доруҳои тавлиди Эрон алайҳи коронавирус

Узви Кумитаи илмии Ковид-19 Эрон, аз оғози тести болинии доруҳои сохти ширкатҳои донишбунёни эронӣ барои ташхис ва дармони ашхоси мубтало ба коронавирус хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Мустафо Қониъӣ, узви Кумитаи илмии Ковид-19 Эрон дар хусуси охирин вазъияти тавлидоти ширкатҳои донишбунёни эронӣ барои ташхиси сареъи коронавирус ва дармони ин беморӣ изҳор дошт, ки ҳамакнун ду ширкати эронӣ дар ҳоли тавлиди ду доруи гиёҳӣ ҳастанд, ки барои дармони мубталоён ба коронавирус истифода мешавад.

Коҳиши якбораи қурби рубл баъди уфти нархи нафт - поинтарин дар 4 соли охир

Қониъӣ афзуд, ду ширкати игар низ дар заминаи тавлиди ду доруи дигар фаолият мекунанд, ки ин доруҳо маҷрои ҳалқӣ ва танаффусиро аз ҳаргуна вирус поксозӣ мекунад, хабар додааст Парстудей.

Манбаъ афзуд, ин доруҳо, таидияи Кумитаи ахлоқи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эронро дарёфт кардаанду тестҳои болинии ин доруҳо аз панҷуми март оғоз шудааст.

Қониъӣ бо баёни инки тестҳои болинии ин доруҳо то ду ҳафтаи дигар идома дорад афзуд, агар посухи ин тестҳо мусбат буд, ширкатҳои эронӣ барои тавлиди анбуҳи ин доруҳо иқдом мекунанд.

Ширкатҳои донишбунёни эронӣ пеш аз ин низ муваффақ ба сохти китҳои ташхиси коронавирус шудаанд.

Коронавирус ё Ковид-19 ба беш аз 100 кишвар сироят кардааст.

Бар асоси охирин омор то кунун беш аз 110 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 62 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва ҳудуди 3800 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.