“Шумо беҳтаринед дар ҷаҳон”: Путин занонро ба 8 март табрик кард

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия тамоми занони кишварашро бо Рӯзи байналмилалии занон табрик гуфт
Sputnik

Дар Русия ва баъзе аз кишварҳои ҷаҳон 8 март Рӯзи байналмилалии занон ҷашн гирифта мешавад

Имрӯз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия тамоми занони ин кишварро  бо ин рӯз табрик кард.

Консерти бузург бахшида ба Рӯзи модар дар Душанбе – акс

“Занони муҳтарами Русия, аз самими қалб Шуморо бо Рӯзи байналмилалии занон табрик мегуям. Ин ҷашн ҳамеша пур аз шодӣ, гул, тӯҳфа ва ҳиссиёти самимона мебошад. Занони муҳтарами мо, ба Шумо аз самими қалб бахту саодат, ишқ, саломатӣ ва хушнудӣ орзумандам”, - гуфт Путин дар табрикоташ.

Роҳбари Русия таъкид дошт, ки дар ин рӯз мардҳо бо шитоб ба занон суханони нек ва сипос мегӯянд.

“Занони муҳтарам, Шумо беҳтарин ҳастед дар ин ҷаҳон. Аз ақл берун аст, ки чӣ гуна шумо ба ҳама расидагӣ мекунед: ҳифзи хонадон, пешрави дар кору фаъолият ё дар таҳсил. Новобаста аз ин Шумо ҳамеша зебо ҳастед”, - гуфт Путин.

Раисҷумҳури Русия афзуд, ки хушбахтии занон бештар аз мардҳо вобастааст.

“Мо кушиш мекунем, ҳамеша сазовори Шумо бошем ва ташвиши рӯзғорро бештар бар дӯши худ бигирем. Мо ҳамеша ҳамингуна рафтор хоҳем кард. Ҳамеша, на танҳо рӯзи 8 март”, - зикр кард Владимир Путин, раисҷумҳури Русия.