Эълони оташбас ва гузаргоҳи амниятӣ: натиҷаҳои музокироти Путин ва Эрдуғон

Дирӯз Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуӯон дар Маскав вохӯрда оид ба амалӣ гардонидани оташбас дар Идлиб музокирот намуданд
Sputnik

Дар Маскав музокироти роҳбарони Русия ва Туркия оид ба вазъи Идлиби Сурия хотима ёфт.

Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон шахсан дар пойтахти Русия мулоқот карданд. Музокирот зиёда аз шаш соат давом карданд: аввал президентҳо рӯ ба рӯ гуфтугӯ карданд ва сипас боқимондаи ҳайат ба онҳо ҳамроҳ шуданд.

Низоми оташбас дар Идлиби Сурия эътибор пайдо кард. Ин ба туфайли музокироти Русия ва Туркия имконпазир шуд.

Владимир Путин ва Эрдуғон шахсан дар Маскав мулоқот карданд. Дар аввал онҳо се соат гуфтугӯ карданд, ва он гоҳ аъзои ҳайатҳои ҳарду кишвар ҳамроҳ шуданд. Дар маҷмӯъ, музокирот беш аз шаш соат давом кард.

Илова ба оташбас, ҷонибҳо инчунин ба мувофиқа расиданд, ки дар минтақаи шоҳроҳи М-4 як гузаргоҳи амниятӣ ташкил кунанд. 

"Умедворам, ки ин созишномаҳо барои хотима бахшидани амалиёти ҷангӣ дар минтақаи Идлиб, барои хотима бахшидан, ранҷу азобҳои мардуми осоишта бинобар бӯҳрони афзояндаи башарӣ замина фароҳам меоранд ва барои идомаи раванди сулҳ дар Сурия байни ҳама ҷонибҳои муноқишавӣ шароити мусоид фароҳам меоранд", - қайд кард Владимир Путин. 

.