Ҷавоби Майвезер ба Ҳабиб: 600 миллион доллар диҳанд, меҷангам

Флойд Майвезер, собиқ қаҳрамони ҷаҳон дар панҷ категорияи вазнӣ дар посух ба Ҳабиб Нурумуҳамадов шарташро барои муҳориба бо ӯ гузоштааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Ба иттилои расонаҳои варзишии ҷаҳон, Флойд Мейвезер гуфтааст, ӯ барои муҳориба бо қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Конор Магрегор омодааст, агар 600 миллион доллар диҳанд.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов шарти муҳориба бо Майвезерро гуфт

Флойд номи Конор Магрегор ва Ҳабиб Нурмуҳаммадовро гирифта гуфтааст, зӯрозмоӣ бо онҳо 600 миллион доллар баҳо дорад ва ин рақобат арзиши онро дорад.

Ин муштзани машҳур гуфтааст, ягон муҳимияти зӯрозмоӣ бо размикорони одиро намебинад ва марди корчаллон аст. Ба гуфти ӯ муборизааш бо Конор маънӣ дошт, зеро дар он пули зиёд кор кард.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори доғистонӣ низ қаблан гуфт, барои муҳориба бо муштзани шинохта Флойд Майвезер зид нест, агар рақобат ҳам бо усули бокс ва ҳам муҳорибаи бидуни қоида ё худ ММА сурат гирад

Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов гуфт, бо муштзан Флойд Майвезер, дар он сурат вориди майдон мешавад, ки рақобат 11 давр аз рӯи қоидаҳои бокс ва як давр аз рӯи муҳорибаи омехта (ММА) баргузор шавад.

Ё ҳарду: Ҳабиб мехоҳад барои адолат бо Майвезер муштзанӣ ҳам кунад

"Шояд чизе монанди 11 даври бокс ва 1 даври MMA бошад. Агар ӯ мехоҳад муҳориба кунад,-марҳамат ба UFC! Ин ҷо, макони муҳорибаҳои воқеист. Медонед ман муштзан нестам. Ман натанҳо муборизам, балки размикори ММА ҳастам”,-афзудааст ба  TMZ Sports.

Ҳабиб ҳамчунин гуфтааст, ба синну соли Майвезер эҳтиром мегузорад, чун ӯ ҳамсинну соли падараш аст ва тасаввур карда наметавонад, чигуна ба рӯйи ӯ зарба бизанад.