Талаби Азим Иброҳим аз Фаронса: ба иқтисоди Тоҷикистон бештар сармоягузорӣ кунед

Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бар ин аст, ки Фаронса бояд бештар ба иқтисоди Тоҷикистон саромягузорӣ кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндаи хоси вазири Урупо ва мушовири махсуси президенти Фаронса оид ба масоили иқтисодӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ Поскал Лоро ва сафири ин кишвар дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар баргузор гардидаааст.

Фаронса дар Тоҷикистон намояндагии бонкҳояшро ифтитоҳ мекунад

Бино ба гузориши АМИТ "Ховар", зимни мулоқот муовини сарвазир таваҷҷӯҳи мушовири президентро ба ҷалби сармояи он кишвар ба якчанд самтҳои иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла рушди соҳаи сайёҳӣ ҷалб намудааст.

Тавре зикр гардидааст, бо назардошти 93 % ҳудуди кӯҳии Тоҷикистон, ҷалби ширкати фаронсавии “Claster mountain”, ки таҷрибаи калони ташкили инфрасохторро дар шароити кӯҳистон дорад,   муофиқи мақсади умумии  ҷонибҳо мебошад.  

Ҷониби Франсия бо камоли майл  ҳавасмандии худро  ҷиҳати рушди ҳамкориҳои минбаъдаи субъектҳои дар ин самт фаъолияткунанда баён  доштааст.

Азим Иброҳим изҳор намуда, ки "айни замон даҳҳо ширкати фаронсавӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва сатҳи имрӯзаи ҷалби сармояи Фаронса ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба талабот ва имкониятҳои  ҷонибҳо  ҷавобгӯй намебошад ва мо вазифадор мебошем, ки дар ин самт имкониятҳоро бештар истифода намоем".

Поскал Лоро аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, зикр намуд, ки устувории қонунҳои амалкунанда ва кодекси андози таъминкунандаи суботи фазои сармоягузорӣ метавонад заминаи хуб ва кафолат барои ҷалби бештари сармоягузорон гардад".

Пешниҳоди  муовини сарвазир оид ба баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ дар самтҳои саноати сабук (нассоҷӣ ва пояфзолдузӣ аз ашёи хоми ватанӣ), саноати хӯрокворӣ ва нафту газ аз ҷониби Поскал Лоро пазируфта шуда ва тазаккур дода шудааст,  ки ин имкониятҳо барои самаранок ҷалб намудани сармоягузорони фаронсавӣ заминаи воқеӣ мегузорад.

Манбаъ афзуда, ки  ҷониби Фаронса бо мақсади ҷалби бештари сармоягузорон ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар доираи лоиҳаҳои афзалиятноки таҳиягардида изҳори хоҳиши ҳамкории зичтар бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон   намудааст.