Сӯиқасд ба доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Кобул

Манбаъи Sputnik Тоҷикистон дар Кобул, ки дар маҳалли ҳодиса қарор дорад, мегӯяд, ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия ва яке аз муддаиёни курсии президенти Афғонистон сӯиқасди мусаллаҳона шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Ба қавли ӯ, як гурӯҳи ношиноси мусаллаҳ ба ҷаласае, ки он ҷо Абдуллоҳ Абдуллоҳ қарор дошт, ҳамла кардааст.

"Пас аз суханронии Абдуллоҳ Абдуллоҳ яке аз раҳбарони ҳазораҳо Халили Каримӣ ба минбар баромад ва тақрибан пас аз ду дақиқаи суханронии ӯ тирпаронӣ шурӯъ шуд", - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Ин ҷаласаи ёдбуди Абуалии Мазорӣ, роҳбари таърихии ҳазораҳо ва асосгузори Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон буд, ки соли 1996 аз сӯи Толибон кушта шуд. Толибон ӯро аз чархбол поён андохта буданд.

Як давлат ду президент: дар Афғонистон Ғанӣ ва Абдуллоҳ ҷудогона савганд ёд хоҳанд кард

Маросими ёдбуд дар маҳалли Дашти Барчӣ, воқеъ дар Ғарби Кобул, маҳалли умдатан ҳазоранишини Кобул, пойтахти Афғонистон баргузор мешуд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ нахустин таъиноти кадриро дар Афғонистон анҷом дод

Манбаъи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, Доктор Абдуллоҳ аз сӯи муҳофизонаш ба маҳалли номаълум фирор дода шуд.

"Тирпарониҳо идома доранд. Дар бораи қурбониён ва захмиҳо то ҳол иттилое нест", - гуфт ин манбаъ.

Дар ин маҳфили ёдбуд ба ҷуз Доктор Абдуллоҳ ва Карим Халилӣ, раҳбари дигари ҳазораҳо Муҳаммади Муҳаққиқ, Ҳомид Карзай, раисҷумҳури собиқи Афғонистон, Салоҳуддин Раббонӣ раиси ҳизби Ҷамъияти исломӣ ва Ботур Дӯстум, писари генерал Абдурашид Дӯстум низ ширкат доштанд.

Ҳамагӣ ҷон ба саломат бурдаанд ва маҳфили ёдбуд пас аз ҳамла барҳам хӯрдааст.