ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, то кунун 913 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба вируси корона мубтало шуданд, беҳбуд ёфтаанд, гузориш медиҳад "Парстудэй".
Бино бар иттилои манбаъ, Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи ҷумъа гуфт, то кунун мавориди ибтилои қатъӣ ба вируси корона дар Эрон ба 4 ҳазору 747 нафар ва фавт аз ин вирус ба 124 нафар расидааст.
"Ҷаҳонпур афзуд, беш аз 15 ҳазору 981 мавриди машкук дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд ва бо таваҷҷуҳ ба афзоиши озмоишгоҳҳо , мавориди ташхис афзоиш ёфтааст", - менависад хабаргузорӣ.
Паҳншавии вируси корона дар декабри 2019 аз шаҳри Вуҳани Чин оғоз шуд ва зоҳиран маншаи он ҳайвоноти ғайриаҳлӣ будааст.
Ин вирус акнун илова бар 30 вилояти Чин, ба 86 кишвари дигар низ сироят кардааст.