ДУШАНБЕ, 6 март – Sputnik. Банд будани роҳи Чин, мардуми Тоҷикистонро воҳимадор кардааст, дар ҳоле, ки Чин воридкунандаи аслии орду маҳсулот нест.
"Роҳи Чин банд - ҳама чиз гарон"
Рӯзи 3-юми март ҳамроҳи модарам ба бозори бузургтарини Душанбе - "Корвон" мерафтем. Таксиҳои мусофирбар, ки то зуҳури "вируси тоҷдор" 3-сомонӣ нарх доштанд, ҳамакнун аз километри 7-уми шаҳри Душанбе то "Садбарг" 5-сомонӣ талаб мекарданд.
Ба эътирози модарам, ки чанд рӯз қабл арзонтар буд, ронанда гуфт: "Хола, охи раҳи Хитой банд аст, ҳама чиз гарон шуд".
Банд будани роҳи Чин дар бозори "Корвон" ҳам, сари ҳар қадам оғоз аз нархи рӯймолу, пойафзору сарпӯш то матоъю ҷиҳози хона далели бориз буд.
"Ман борамро ду моҳ пеш овардам ва ҳамакнун чуноне шумо мебинед, аз молҳои чиниям каме мондааст. Роҳ банд, ман намедонам боз кай метавонам ба Чин биравам, ба ҳамин хотир нархҳоро баланд бардоштем, мо ҳам зиндагӣ дорем", - посух дод ба эътирози харидорон фурӯшандаи пойафзор.
Агар дохили бозори "Корвон" фурӯшандаҳо аллакай нархҳоро "осмонӣ" карда бошанд, савдогарони самбӯсаю пирожки, ки берун аз бозор савдо мекунанд, ҳоло нархҳоро гарон накарда буданд, вале ҳушдор медоданд.
"Самбӯса як дона - 1 сомонӣ, вале мумкин фардо гаронтар шавад, мегӯянд орд камчин шудааст", - гуфт фурӯшанда.
Ҳамин ҳушдори савдогарон буд, ки ду рӯз боз мардуми "сода" - и Тоҷикистон ба бозорҳову дӯконҳо давида орду равған, пиёзу картошка ва маҳсулоти ниёзи авваларо харидорӣ карданд.
"Хостам аз Пайкар барои гурбаам чизе бихарам. Гурбаамро дӯст медорам, вале на ба он дараҷае, ки ду соат дар касса навбат поям", - навиштааст корбари фейсбук Зебо Тоҷибоева.
Мақомот - захираҳои хӯрока ду сол эҳтиёҷи 9,5 миллион аҳолии Тоҷикистонро бароварда мекунад.
"Мо асосан маводи ғизоӣ, бахусус орду гандумро тибқи шартнома аз Қазоқистону Русия ворид мекунем. Аз сӯи дигар, агар дар он кишварҳо ҳам шуюъи вирус иттифоқ афтад, он ба маҳсулот, бахусус маводи ғизоӣ таъсире нахоҳад дошт, чун вирус дар ҷисми зинда пайдо мешавад ва дар ҷисми беҷон умри кӯтоҳ дорад, яъне моле, ки ворид мешавад, ҳеҷ гоҳ манбаъи сироят буда наметавонад", - гуфт Зуҳриддин Кенҷаев.