ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Умед Нуруллозода, сардори маркази назорати давлатии санитарӣ - эпидемиологии вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки дар Тоҷикистон то имрӯз ягон нишонаи ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд хабар додааст.
Вай афзуд, шаҳрвандоне, ки аз хориҷи кишвар тавассути гузаргоҳҳо вориди Тоҷикистон мешаванд, сараввал аз назорати духтурони сироятшинос гузашта, сипас дар муддати 14 шабонарӯз таҳти назорати доимии духтурон қарор мегиранд.
Умед Нуруллозода гуфт, имрӯз дар миқёси вилоят 111 нафар дар карантин қарор доранд. Алҳол 252 нафар шаҳрванде, ки аз хориҷ вориди вилоят гардида будаанд, пас аз ба охир расидани муҳлати карантин ба назди оилаҳои худ сиҳату саломат баргаштаанд.
Воҳимаи коронавирус нархи орду равғанро дар бозорҳои кишвар боло бурд
“Бояд мардум ба овозахои бардурӯғ дода нашаванд. Вазъият дар қаламрави кишвар тинҷу ором аст. Ягон нишонаҳои бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Танҳо моро лозим аст, ки ба қоидаҳои санитарӣ риоя намоем”, - Муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруфҷон Ҳоҷибоев.
Вай афзуд, ки мардуми Тоҷикистон набояд аз чораҳои пешгирикунандаи ин вирус дар ҳарос бошанд ва ба таҳлука афтанд.
Ба иттилои масъулин дар ҳамаи гузаргоҳҳо, аз ҷумла дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан аз ҳисоби пизишкон навбатдории шабонарӯза ташкил шудааст.
“Ҳар нафаре, ки вориди вилоят мешавад, сараввал аз назорати духтурон мегузарад. Яъне имрӯз қоидаҳои бехатарӣ ва пешгирӣ аз ин беморӣ пурзур карда шудааст”, - Умед Нуруллозода.
Масъулин аз шаҳрвандон даъват карданд, ки ба овозаҳои беасос бовар накунанд.