Агентии марбути назди Вазорати меҳнат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар пойдо кардани касбу кори хуб дар хориҷ кӯмак мекунанд.
"Баробари кор кардан бо фарҳанги миллати дигаре ошно мешавам. Ба ман маданияти туркҳо писанд аст. Дар ду сол ман бо чанд турк дӯст шудам", - мегӯяд муҳоҷири тоҷик Кароматулло Маҷидов.
Ин мард соли аввал нест, ки дар Туркия дар ресторан кор мекунад.
"Пас аз таҳсил ман ба худ боварӣ ҳосил мекунам, ки аз ӯҳдаи кор мебароям. Ба кишвари бегона пас аз соҳибкасб шудан ва забони хориҷиро омӯхтан сафар мекунам", - мегӯяд Саид Лаҳурзода.
Дар кишварҳои аврупоӣ, дар Полша низ кор ҳаст: дар соҳаи саноат - коргоҳи коркарди гӯшт. Аз ҳама муҳимаш, барои корҷӯён донистани забони русӣ кифоя аст.
"Муҳоҷиронро дар Туркия бо ҷои хоб ва хӯрок таъмин мекунанд. Маошаш 400 доллар аст. Дар Полша низ чунин аст, ба ҳавопаймо чипта мехаранд, бо ҷойи хоб ва хӯрок таъмин мекунанд, маош барои ҳар соати корӣ 3 доллару 35 сент аст", - мегӯяд сармутахассиси вазорати меҳант Дилбар Раҳмонова.
Соҳибони маоши пасттарину баландтарин дар Тоҷикистон муайян шуданд
Вазорат дар давоми 3 сол 500 шаҳрванди Тоҷикистонро ба Туркия фиристодааст, ба Полша бошад, бештар аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон ба кор рафтаанд.