Нахустин бозии "Истиқлол" ва "Хуҷанд" дар доираи бозиҳои КФО-2020

Ду даста аз Тоҷикистон “Истиқлол” ва “Хуҷанд” дар нахустин даври марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 вориди рақобат мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 марта – Sputnik. Бар асоси ҷадвали бозиҳои гуруҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020  дар гурӯҳи “D”  дастаи “Истиқлол” бо “Хуҷанд” санаи 11 март бозӣ хоҳанд кард.

Хет-тирики Дилшод Бозоров "Хуҷанд"-ро ба Ҷоми AFC-2020 баровард

Бозии мазкур дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 18:00 оғоз меёбад.

Дастаи  “Истиқлол”  дар гурӯҳи   “D”  бо “Хуҷанд”-и Тоҷикистон, “Олтин Асир”-и  Туркманистон  ва  “Дордой” -и  Қирғизистон  рақобат хоҳад кард.

Бозии тими “Истиқлол” ва “Хуҷанд”-ро ҳакамон аз Қувайт доварӣ хоҳанд кард.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Аҳмад Ал-Алидоварии 35-сола довари асосӣ буда, ба ӯ ҳамватанонаш Яъқуб Ал-Мутаирӣ ва Абдулҳадӣ Ал-Анезӣ кумак хоҳанд кард. Довари иловагӣ бошад Аммор Ашкононӣ интихоб шудааст.

Тими футболи “Хуҷанд”-и Хуҷанд — дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон ахиран   дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дастаи “Нефтчӣ”-и Қирғизистонро шикааст дода, ба  даври гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 роҳ ёфт.

Се голи беҷавоби тими “Хуҷанд”-ро капитани даста Дилшод Бозоров ба ҳадаф расонид.