Боздошти Наҷмиддини Садриддин ва ҳамроҳонаш бо 40 кило маводи мухаддир - видео

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, се шаҳрванди Афғонистонро бо 40 кило маводи мухаддир боздошт кардааст, ки арзиши он 150 ҳазор доллар гуфта мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 марта – Sputnik. Тибқи гузориши телевизионии Вазорати корҳои дохила, шаҳрвандони Афғонистон дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб зимни як амалиёт аз ҷониби Раёсати кофтукоби ҷиноятӣ боздошт шудаанд.

Нури Амонуллоҳ аз Афғонистон бо "бодомҳои ордакдор" 2 кило героин овард

Гуфта мешавад, боздоштшудаҳо Абдул Малик Аҳмади 51 сола, зодаи вилояти Бағлон ҷойи зисти мувақатияш ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, Наҷмиддини Садриддин бо тахаллуси Фаҳим, 36 сола, зодаи Қундуз ва Ҳабибуллои Масъуди 34 сола, зодаи Панҷшер, будаанд, ки то ҳол дар Душанбе иқомат доштаанд.

Бар асоси гузориши ВУД, аз маводи мухаддари дарёфта беш аз 10 килои он маводи сахтаъсири героин буда, боқимондаи он ҳашиш будааст.

Наҷмиддини Садриддин, яке аз боздоштшудаҳо дар навори видеоӣ гуфт, онҳо мебоист ин маводи мухаддирро ба маблағи 150 ҳазор доллар мефурӯхтанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон авохири моҳи гузашта низ се шаҳрванди дигар Афғонистонро боздош ва аз онҳо 6 бастаи полиэтиленӣ бо 10 кило маводи нашъаовори синтетикӣ – метамфетамин дарёфт кард, ки нархи як дона ҳаби метамфетамин дар бозори сиёҳи савдои яклухт бо нархи 20-25 доллар (200-250 сомонӣ) фурӯхта шуда, дар бозори чакана нархи он беш аз 300 сомонӣ гуфта мешавад.