Убайдуллоев ҷаласаи Маҷлиси миллиро даъват кард: Раҳмон гузориш медиҳад

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон иҷлоси 22-юми палатаи болоии парлумонро рӯзи 19-уми март даъват кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Иҷлосияи 22-юми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, даъвати панҷум, 19 марти соли 2020, соати 9:00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад, хабар додаст котиботи палатаи болоии парлумон.

Зойиров гуфт, ҳукумати Раҳмон гумон мекунад моро шикаст дод: Не! Ва боз, не!

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур Кодекси об, Кодекси нақлиёти автомобилӣ, қонун "Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ", қонун "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ хоҳанд шуд.

Инчунин дар назар аст, ки Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 гузориш диҳад.

Ҷаласаи палатаи болоии парлумон дар ҳайати пешина дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон даъвати шашумро бо иштироки вакилони тозаинтихоб даъват намуд, ки 17 марти соли 2020 соати 10-00 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар интихоботи парлумонии  1 март дар Тоҷикистон аз 4,9 миллион интихобкунанда, 4,2 миллион нафар ё худ 86,4 фоиз иштирок намуданд. Дар натиҷа 6 ҳизби Тоҷикистон ба парлумон роҳ ёфт. Аксари курсиҳоро Ҳизби ҳокими халқии демократӣ соҳиб шуд.