ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Номзадии Ҳасан Асадуллозодаро Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Бохтар рақами 3 пешниҳод кардааст.
"Ҳасан Асадуллозода – узви фаъоли ҲХДТ, бо гирифтани раъйи аксарияти интихобкунандагон вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии Бохтар №3 интихоб гардид", - омадааст дар иттилоияи нашркардаи ҲХДТ.
Раиси “Ориёнбонк”- мудавии курсии вакилии маҷлиси пойтахт
Ин дар ҳолест, ки соли 2015 Асадуллозода ба мақоми вакилӣ дар Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе пешбарӣ шуда буд. Ҳасан Асадуллозода аз тоҷирони шинохтаи Тоҷикистон буда, бар асоси иттилои нашргардида соҳиби ду диплом - маълумоти олии иқтисодӣ ва ҳуқуқист. Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад.
Интихоботи ахири вакилон ба маҷлисҳо 1 март сурат гирифта, ба иттилои КМИР аз 4,9 миллион интихобкунанда, 4,2 миллион нафар ё худ 86,4 фоиз дар раъйдиҳӣ иштирок намуданд. Дар натиҷа 6 ҳизби Тоҷикистон ба парлумон роҳ ёфт. Аксари курсиҳоро Ҳизби ҳокими халқии демократӣ соҳиб шуд. Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ба парлумон ворид нагардид.