Дуздии тӯб ва либосҳои варзишии дастаи "Истиқлол"

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду ноболиғи пойтахт хабар медиҳад, ки ба амбори либосивазкунии дастаи футболи “Истиқлол” даромада аз он ҷо либос ва тӯб дуздидаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ВУД,  ду ноболиғи 16 сола дар пайи шикояти марди 40 сола сокини пойтахт боздошт гаштаанд.

Шикасти "Истиқлол" дар нахустин дидори дӯстонааш аз тими “Чжэтсян Гринтаун”-и Чин

“Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои пойтахт бо ариза марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи октябри соли 2019, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба амбори либосивазкунии дастаи футболи “Истиқлол”-и пойтахт даромада, аз он ҷо 18-ҷуфт либосҳои варзишӣ, 8-ҷуфт либосҳои кӯдаконаи варзишӣ, 6-адад тӯбро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”,- афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду нафар ноболиғони 16 солаи сокинони ҳамин шаҳр, ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шудаанд.

Гуфта мешавад, зарари расонидашуда 12 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.

ВУД мегӯяд, ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.