Ду рӯз баъди имзои созишнома: гаравгонгирии 10 низомӣ дар марзи Тоҷикистон аз сӯи Толибон

Нахустин ҳамлаи ҷангиёни ҳаракати Толибон пас аз ба тасвиб расидани созишномаи сулҳ бо ҳукумати Амрико дар наздикии марзи Тоҷикистон сурат гирифт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ҷангиёни ҳаракати Толибон дасти кам 10 низомии афғонро дар музофоти Имом Соҳиб наздикии марзи Тоҷикистон гаравгон гирифтанд, хабар медиҳад 1TV.

Чаро Трамп бо Толибон созиш кард? ҳадаф интихоботи қарибулвуқӯъ ё чизи дигар

Ба иттилои манбаъ, Толибон аснои ҳамла овардан ба як постгоҳ, 10 низомиро ҳамроҳи худ бурданд.

Гуфта мешавад, бар асари задухӯрди шадид, 15 низомии афғон ва як мулкӣ кушта шуданд. Ин нахустин ҳамлаи Толибон пас аз имзои созишномаи сулҳ бо ҳукумати Амрико аст.

Ҷанг дар Афғонистон идома меёбад: “Толибон” мегуянд бо ҳукумат бояд тавофуқи дигаре баст

Ёдовар мешавем, ки созишномаи сулҳро Ҷангиёни ҳаракати Толибон бо ҳукумати Амрико рӯзи 29 - уми феврал ба имзо расонданд. Бар тибқи ин санад, 13 ҳазор низомии Амрико ва НАТО бояд давоми 14 моҳ хоки Афғонистонро тарк кунанд.

Бар иваз ин, Толибон ваъда доданд, ки аз ҳамалоти худ дар кишварашон даст мекашанд.