Қочоқи маймун аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ошкор шуд

Ронандаи як худрави Lexus RX330 қасд доштааст, ки чанд маймунро ғайриқонунӣ вориди Тоҷикистон кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Кормандони гумруки марзии Ойбеки Ӯзбекистон чанд маймуни қочоқро ошкор карданд, гузориш медиҳад "Парстудэй" дар истинод ба расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон.

Наҳор бо маймун: дар қаҳвахонае дар Ҷопон бӯзинаҳо мардумро саргарм мекунанд
Гуфта мешавад, кормандони Кумитаи гумруки хориҷии минтақаи Тошканд теъдоде маймуни қочоқро дар Идораи гумруки марзии Ойбеки ошкор намуданд.

Дафтари матбуотии Кумитаи гумруки Ӯзбекистон гузориш додааст, ки ронандаи як худрави Lexus RX330 қасд дошт ин чанд маймунро ба сурати қочоқ вориди Тоҷикистон кунад.

Посгоҳи ҷоддаи Ойбек дар минтақаи Бекободи минтақаи Тошканд воқеъ шудааст аз тарафи Точикистон, посгоҳи Фатҳобод дар минтақаи ноҳияи Масчои минтақаи Суғд қарор дорад.

Бӯзина ҳам дар марги фарзанд сӯг мегирад - Навор

Ҳамчунин дар ин гузориш омадааст, дар натиҷаи бозрасии гумрук, як Габуни беларусӣ ва шаш макаҳои ҷаваӣ аз ин худрав пайдо шуд.