“Набиё!” манъи вуруди шаҳрванди 35 кишвар ба Тоҷикистон, ба ҷуз Чин

Тоҷикистон вуруди шаҳрвандони 35 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистонро манъ кард. Теъдоди ин кишварҳо шояд боз афзояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 март — Sputnik. Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон зимни ирсоли барқия аз ширкатҳои дохиливу хориҷии ҳавонавардӣ тақозо кардааст, ки аз интиқоли шаҳрвандони 35 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

Қатъи парвозҳо аз Тоҷикистон ба се кишвар ба далели коронавирус

Азиз Набизода, муовини раиси Агентӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин тасмим бо дастуру супоришҳои ҳукумат ва машварат бо идораҳои зирабти Тоҷикистон гирифта шудааст. Вай афзуд, ширкатҳо бояд аз интиқоли шаҳрвандони кишварҳое, ки дар онҳо “вируси тоҷдор” ё “коронавирус” дар ҳоли густариш аст, худдорӣ кунанд.

“Аз ширкатҳои ҳавонавардӣ хостем, ки ба онҳо чиптаи транзитӣ ё мустақим нафурӯшанд. Агар омаданд, бозпас фиристода хоҳанд шуд. Ширкатҳо муваззафанд пули чиптаҳоро баргардонанд. Аммо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ин кишварҳо меоянд, таҳти назорати пизишкӣ гирифта мешаванд. Ин ҳама ба хотири таъмини амнияту сиҳатии шаҳрвандони кишвар ва ҷилавгирӣ аз вуруди “вируси тоҷдор” аз хориҷ аст”, -  гуфт Азиз Набизода.

Феҳристи Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон 35 кишвар - Чин, Ҷопон, Кериёи Ҷанубӣ, Ветнам, Сингапур, Австралия, Малайзия, Камбоҷа, Филиппинҳо, Таиланд, Непал, Шри-Ланка, Ҳинд, Финландия, Италия, Британия, Испания, Шветсия, Белгия, Исроил, Австрия, Хорватия, Шветсария, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Имороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Эрон, Ливан, Кувайт, Баҳрайн, Уммон, Афғонистон, Ироқ ва Алҷазоирро дарбар мегирад.

“Дар ҳоли шуюъ ё густариши ин маризӣ дар кишварҳои дигар ин феҳрист такмил хоҳад шуд”, - гуфт муовини раиси Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон.

Олимони тоҷик барои пешгирии коронавирус маҳлул истеҳсол карданд

Даргузашти мақомдори баландпояи Эрон аз коронавирус

Тоҷикистон то ба ин дам парвози тайёраҳо дар хатсайри се кишвар – Чин, Эрон ва Афғонистонро қатъ карда буд.

Дар ҳамин ҳол, бо он вуҷуд ки дар феҳристи Агентии ҳавонавардии Тоҷикистон шаҳрвандони Чин низ шомил шудаанд, вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дари Тоҷикистон барои мутахассисони ин кишвар боз аст.

Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, субҳи 2 март ҳудуди 20 шаҳрванди Чин вориди Тоҷикистон шуданд ва таҳти қарантина қарор гирифтанд.

“Инҳо мутахассисони чинӣ ҳастанд, ки бо дархости идораҳои зидахли Тоҷикистон вориди кишвар шудаанд. Аммо онҳо ҳатман 14 рӯз таҳти назорати пизишкие, ки ба тавсияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ роҳандозӣ мешавад, қарор хоҳанд гирифт”, - гуфт Мирҳамуддин Камолзода.