"Фейк": чаро хабари манъи вуруди шаҳрванди 35 кишвар ба Тоҷикистон дурӯғ аст?

Мудири ширкати Mountain Adventure Travel  Тоҷикистон Дилшод Каримов мактуберо, ки аз номи Оҷонсии граждании ҳавонавардӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн  шудааст, бардурӯғ мехонад
Sputnik

 

Феълан иттилои баста шудани марзи Тоҷикистон ба шаҳрвандони 35 кишвар тасдиқ нашудааст, мегӯяд Дилшод Каримов, мудири ширкати Mountain Adventure Travel  Тоҷикистон.

 

"Фейк": чаро хабари манъи вуруди шаҳрванди 35 кишвар ба Тоҷикистон дурӯғ аст?

 

"Ба фикри ман ин ҳангомасозӣ ва дурӯғ аст. Ин мактубро аз номи оҷонсии граждании ҳавонавардии Тоҷикистон мунташир карданд, ки аслан муассисаи давлатӣ нест", - таъкид мекунад вай.

“Набаред, набиёред!”: Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон тавсия гирифтанд
Вай афзуд, ки ингуна қарорҳо дар сатҳи давлатӣ қабул карда мешаванд.

 

"Мо низ феълан мехоҳем ин хабарро дақиқ кунем, бовар кунед, ҳама дар изтиробем", - мегӯяд вай бо изҳори нигаронӣ.

Ба гуфтаи мудир, намояндагони ин ширкати сайёҳӣ аллакай бо раиси кумитаи сайёҳӣ, муовинони раиси кумита сӯҳбат кардаанд ва ба Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон низ занг задаанд: касе ин маълумотро тасдиқ ё инкор намекунад.

Вазир аз тарси мубталои коронавирус шудан, дасти Меркелро нафишурд - навор

Ба гуфтаи Каримов, раиси кумитаи сайёҳӣ Ширин Амонзода таъкид кардааст, ки иттилои мазкурро давоми рӯз месанҷанд.

 

Ба гуфтаи раиси ширкат, коргоҳи ӯ ташкили сафари гардишгаронро дар моҳи март лағв кардааст ва моҳи апрел низ чунин карданианд.