Созишномаи сулҳ, ки миёни ҳукумати Амрико ва Толибон тасвиб шуд, бояд аз хуруҷи низомиёни ин кишвар аз хоки Афғонистон анҷомад.
Бар тибқи ин ҳуҷҷат 13 ҳазор низомии Амрико, ки дар Афғонистон мустақар мебошанд, давоми 14 моҳ бояд хоки ин кишварро тарк кунанд.
Толибон бар ивази имзои ин созишнома бояд аз пиёда намудани ҳамагуна ҳамалоти ҷангӣ дар Афғонистон худдорӣ кунанд, дар сурати баръакс тавофуқоти ҳосилшуда бекор хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки Амрико пас аз ҳамлаи 11 - уми сентябри соли 2001 низомиёнашро вориди Афғонистон намуд ва муддати 20 сол ҷанги онҳо бо Толибон ва гурӯҳҳои террористӣ давом кард.
Талаби Толибон аз ҳукумати Афғонистон ин буд, ки низомиёни Амрико аз кишварашон берун оранд ва танҳо дар ин ҳолат даст аз силоҳ мебардоранд.
Чаро маҳз имзо шудани созишномаи сулҳ миёни Толибон ва ҳукумати Амрико дар арафаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ иттифоқ афтод, норушан аст.