ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тавре Ситора Абдулмуъминзода, мудири китобхонаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар суҳбат ба АМИТ “Ховар” хабар додааст, сӯхтор дар ошхона ва китобхонаи Донишгоҳи мазкур, воқеъ дар кӯчаи Н. Қаробоев 63/3 –и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба амал омадааст.
Сабаб ва зарари сӯхтор аз тарафи мақомоти дахлдор муайян карда мешавад.
Бояд гуфт, ки донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо Қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 20 сентябри соли 1990 ҳамчун Коллеҷи олии технологии Тоҷикистон ва соли 1991 бо Қарори Девони Вазирони ИҶШС аз 29 июли соли 1991 ва Қарори Девони Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 1991 ба Донишкадаи технологии саноати сабук ва хӯрокворӣ ва бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи феврали соли 1993 он ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимии таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон моҳи сентябри соли равон 30 солагии таъсисёбии худро таҷлил менамояд.