ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин 1 марти 2020 дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Қатар, дар интихоботи парлумонӣ иштирок намуд, хабар дод Вазорати умури хориҷӣ. Қитъаҳои интихоботии берун аз кишвар, аз ҷумла нуқтаи раъйдиҳӣ дар Қатар тобеи ҳавзаи интихоботии №3 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мебошанд.
Сироҷиддин Муҳриддин, ки дар Доҳа дар маросими имзои созишномаи истиқрори сулҳ дар Афғонистон байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷунбиши Толибон, созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон иштирок намуд, ҳамчунин бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико мулоқот доштааст.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, 29 феврали 2020 дар Доҳа инчунин дидори Сироҷиддин Муҳриддин бо фиристодаи вижаи вазири корҳои хориҷии Қатар дар бахши мубориза бо терроризм Мутлақ ибни Моҷид ал-Қаҳтонӣ баргузор гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти мубориза алайҳи чолишҳо ва таҳдидҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуданд, хабар дод ВУХ Тоҷикистон.