Ҷанг дар Афғонистон идома меёбад: “Толибон” мегуянд бо ҳукумат бояд тавофуқи дигаре баст

Раиси тими музокиракунандаи ҷунбиши "Толибон" (мамнӯъ дар қаламрави Русия) гуфт, барои поёни даргириҳо бо нерӯҳои амниятии афғон ба тавофуқи дигаре ниёз аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2  мар — Sputnik. Шермуҳаммад Аббос Станакзай бо ишора ба ин, ки таваққуфи ҷанг бо Амрико шомили нерӯҳои афғон намешавад афзуд, барои таваққуфи ҷанг бо нерӯҳои амниятии афғон ба тавофуқи дигаре ниёз аст, ки дар музокироти байниафғонӣ сурат мегирад, иттилоъ додааст хабаргузории Тасним.

Иштироки вазири тоҷик дар маросими имзои созишнома бо Толибон

Бино бар иттилои манбаъ, раиси тими музокиракунандаи "Толибон" ҳамчунин бо таъкид бар ин, ки бештари аъзои ҳайати музокиракунанда дар гуфтугӯҳои байниафғониро намояндагони давлат ташкил медиҳанд, тасреҳ кард:

Ин дар ҳоле аст, ки дар Афғонистон ҳукумате вуҷуд надорад, интихоботи шаффоф набуда ва ҳузури мардум низ камранг аст.

“Бо нерӯҳои афғон тавофуқе дар бораи оташбас ва ё коҳиши хушунатҳо имзо нашудааст ва ин мавзӯъ дар гуфтугӯҳои байниафғонӣ, ки 10 март оғоз хоҳад шуд, баррасӣ мешавад”,  - афзуд Шермуҳаммад Аббос Станакзай.

Ёдрас мешавем, ки 29 феврали соли равон Зулмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ва Мулло Ғанӣ Бародар, муовини сиёсии Толибон тайи маросиме дар Доҳа, пойтахти Қатар ва дар ҳузури мақомот ва намояндагони кишварҳои мухталиф, тавофуқи сулҳро барои поёни ҷанг дар Афғонистон имзо карданд.

Бар асоси ин тавофуқ, қарор аст, нирӯҳои амрикоӣ ва хориҷӣ ба шарти пойбандии Толибон ба коҳиши хушунат дар Афғонистон дар 14 моҳи оянда ба таври комили ин кишварро тарк кунанд.