Баргузории мусобиқаи байналмилалии теннис дар Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯз

Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз 16 то 19 март дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис доир мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Мусобиқаи мазкур  байни ҷавонону наврасони 10-13 ва 14 -17-сола гузаронида мешавад, иттилоъ додааст Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон.

“Ҷоми Президенти Тоҷикистон” доир ба теннис ба рӯйхати бозиҳои байналмилалӣ ворид шуд

Бино бар иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур бо мақсади тарғиби тарзу ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасон ба машғули мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташвиқи теннис дар Тоҷикистон, баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон, муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарони наврас баргузор мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур аз 16 то 19 март дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Дар мусобиқа варзишгароне, ки дар марҳилаи интихобии дуюми мусобиқа дар сатҳи минтақа, вилоят ва шаҳри Душанбе ғолиб гардидаанд, иштирок мекунанд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмиллалии теннис баргузор мегардад.