ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Сурайё Ӯроқова, мудири ҶДММ “Гурӯҳи Самимӣ Констракшн” ва номзади ҲХДТ дар ҳавзаи Ҳисор пирӯз эълон карда шуд. Ӯроқова қаблан бо ободкориҳояш шинохта буд. Аз ҷумла чанд соли қабл бо харҷи 27 миллион сомонӣ дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино, бинои истиқоматии 12 - ошёнаро бо марказҳои савдою хизматрасонии муосир ва бозорча мавриди истифода қарор дода буд.
Раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Мироҷ Абдуллоеви 72-сола дар ҳавзаи Мӯъминобод пирӯзи интихобот шуд. Абдуллоев, ки дар гузашта дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон кор мекард, зодаи ноҳияи Мӯъминобод буда, соли 2017-ум баъди Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаков роҳбари Ҳизби коммунистии Тоҷикистон интихоб шуда буд. Абдуҷаббор Умаров, номзади дигари коммунистҳо аз ҳавзаи Истаравшан низ ба парлумон роҳ ёфт.
Қодири Қосим, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва собиқ раиси ВМКБ аз ҳавзаи Ванҷ ба парлумони ҷадид ворид гардид. Рустам Шоҳмурод, собиқ вазири адлияи Тоҷикистон дар ҳавзаи Сино пирӯз шуд.
Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки дар сархати рӯйхати ҳизбияш низ қарор дорад, дар ҳавзаи Восеъ пирӯзи интихобот эълон шуд. Ҳизби ӯ дар ҳавзаи ҷумҳуриявӣ бо 16 дарсади овозҳо соҳиби 4 курсӣ гардид. Панҷ нафар дар сархати феҳрасти интихоботии Ҳизби аграрии Тоҷикистон - Латифзода Рустам, Икромов Фазлиддин Маҳмазоитович, Усмонов Мансур Саломович, Холбойзода Неъматулло Холбой ва Сафаров Зайниддин буданд.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар садри рӯйхати ҳизбияш Қудратов Рустам Раҳматович, Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич, Ашӯров Ғиёсиддин Маҳмадмуродович ва Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афруз Қурбонзодаро пешниҳод намуда, аз ҳавзаи ҷумҳуриявӣ соҳиби 4 курсӣ шуд. Маҷидова Сарвиноз, ки ахиран ноиби раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон интихоб шуда буд, дар ҳавзаи Бохтар пирӯз гардид.
Бар асоси рӯйхатҳои пешниҳодшуда дар парлумони нав низ Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистонро чун пештара раисаш Абдуҳалим Ғаффоров ва Ҳизби демократиро роҳбараш Саидҷаъфар Исмонзода намояндагӣ хоҳанд кард.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҷумҳуриявӣ соҳиби 12 курсӣ шуд. 12 нафаре, ки дар садри рӯйхати ҳизби ҳоким пешниҳод шуда буданд, Фаттоҳзода Саймурод Самад, Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода, Содиқӣ Насиба Нуруллозода, Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, Тағойзода Сумангул Саид, Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода, Қосимзода Идигул Тағо, Амонулло Хайрулло, Матробиён Саодатшо Қосимзода, Холиқзода Абдураҳим Ғафор ва Табарӣ Абдулло Ҳабибулло мебошанд.