Раиси КМИР интихоботи парлумониро баргузоршуда эълон кард

Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, эълон кард, ки интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузоргардида ҳисобида шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. То соати 15:00 дар саросари мамлакат 3 миллиону  703 ҳазору  969 нафар ё 75,1 % интихобкунандагон дар интихобот иштирок карданд, хабар додаст “Ховар” аз қавли Худоёрзода.

Сатторов: барои ҷавонон иштирок дар интихобот ин як дарси демократия аст

Манбаъ зикр кардааст, интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50% интихобкунандагон ба қитъаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд.

Раъйдиҳӣ то соати 20:00 дар 3412 қитъаи интихоботӣ идома хоҳад дошт. Ба гуфтаи Бахтиёр Худоёрзода, то ин соат ба КМИР ягон муроҷиат ва шикоят ворид нагардидааст. Маълумоти тоза доир ба иштироки интихобкунандагон соати 18:00 пешниҳод мегардад.

Теъдоди умумии интихобкунандагон дар Тоҷикистон ҳудуди 4,9 миллион нафар арзёбӣ мешавад.

Тоҷикистониёни берун аз кишвар метавонанд дар 39 нуқтаи овоздиҳӣ, ки дар 30 кишвари дунё ифтитоҳ шудаанд, дар интихоботи парлумонӣ иштирок намоянд. Дар қаламрави Русия нуқтаҳои овоздиҳӣ дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва  Уфа фаъол мебошанд.

Ба Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 63 вакил-41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва 22 нафар аз рӯи рӯйхатҳои ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ интихоб мегарданд.