Навбатҳои тӯлонӣ: аҳамияти муҳоҷирони тоҷик ба интихоботӣ парлумонӣ - аксҳо

Sputnik

Миёни раъйдиҳандагон натанҳо муҳоҷирони меҳнатӣ балки донишҷуён, донишмандон ва зиёини тоҷики муқими Маскав низ ширкат доштанд.    

Субҳи соати 08:00 дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав навбати дурударозе саф кашида буд. Баъзеҳо барои овоз додан дар баробари шиноснома бо худ парчами миллӣ оварда буданд.

Садҳо нафар дар навбат: наворҳои интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар Маскав-видео

Кормандони сафорати Тоҷикистон кӯшиш намуданд, ки раванди овоздиҳиро ба ҳадде барои овоздиҳандагон озоду осон ба роҳ монанд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов зимни суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, мо омода ҳастем, ки тамоми овоздиҳандагонро бипазирем, дарҳои сафорат то соати 20.00 кушода аст ва ҳеҷ мушкилие барои овоздиҳӣ вуҷуд надорад.

Вай афзуд ҳар шаҳрванди Тоҷикистон метавонад ба роҳат ба бинои сафорат биёяд ва ба номзад ва ҳизби дилхоҳи худ овоз диҳад.

Ёдрас мешавем, ки Дар қаламрави Русия нуқтаҳои овоздиҳӣ дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва  Уфа фаъол мебошанд.

Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон,  шаҳрвандони берун аз кишвар метавонанд дар 39 нуқтаи овоздиҳӣ, ки дар 30 кишвари дунё ифтитоҳ шудаанд, дар интихоботи парлумонӣ иштирок намоянд.

Дар Русия теъдоди тоҷикистониён ҳудуди 1 миллион нафар арзёбӣ мешавад. Қаблан КМИР хабар дод, ки то соати 9, ҳудуди 23,4 дарсади овоздиҳандагон, беш аз 1 миллиону 150 ҳазор нафар дар интихобот ширкат кардаанд. Теъдоди умумии интихобкунандагон дар Тоҷикистон ҳудуди 4,9 миллион нафар арзёбӣ мешавад.

1 / 19
Садҳо нафар дар навбат дар шаҳри Маскав барои раъйдиҳӣ дар интихоботи парлумонӣ
2 / 19
Садҳо нафар дар берун раъйдиҳиро интизоранд
3 / 19
Ҷавонони тоҷики муқими Маскав, ки барои раъйдиҳӣ ба назди бинои сафорат омаданд
4 / 19
Субҳи имрӯз дар шаҳри Маскав ҳазорҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон пушти дари сафорат омаданд
5 / 19
Навбати муҳоҷирони тоҷик пушти дари сафорати Тоҷикистон
6 / 19
Субҳи соати 08:00 дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав навбати дурударозе саф кашида буд
7 / 19
Муҳоҷирони меҳнатӣ дар баробари шиноснома бо худ парчами миллӣ оварда буданд
8 / 19
Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав аз аввалинҳо шуда, варақаи интихоботиро ба қутӣ партофт
9 / 19
Интихоботи парлумонӣ бо ҳузури ҳазорҳои муҳоҷирони тоҷик дар Маскав
10 / 19
Раъйдиҳии муҳоҷирони меҳнатӣ ба вакил ва ҳизби дилхоҳ
11 / 19
Кормандони сафорати Тоҷикистон кӯшиш намуданд, ки раванди овоздиҳиро ба ҳадде барои овоздиҳандагон озоду осон ба роҳ монанд
12 / 19
Раъдиҳи дар сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав субҳи 1 марти соли 2020 оғоз ёфт
13 / 19
Миёни раъйдиҳандагон натанҳо муҳоҷирони меҳнатӣ балки донишҷуён, донишмандон ва зиёини тоҷики муқими Маскав низ ширкат доштанд
14 / 19
Раъйдиҳии донишҷуёни тоҷик дар Маскав
15 / 19
Ҷавонони тоҷик ба вакилу ҳизби дилхоҳи худ раъй доданд
16 / 19
Дарҳои сафорат то соати 20:00 кушода аст ва ҳар шаҳрванди Тоҷикистон метавонад аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ истифода намояд ва ба вакилу ҳизби дилхоҳи худ раъй диҳад
17 / 19
Иштироки занони муҳоҷири тоҷик дар маъракаи раъйдиҳӣ дар сафорати Тоҷикистон
18 / 19
Дар қаламрави Русия нуқтаҳои овоздиҳӣ дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа фаъол мебошанд
19 / 19
Шаҳрвандони берун аз кишвар метавонанд дар 39 нуқтаи овоздиҳӣ, ки дар 30 кишвари дунё ифтитоҳ шудаанд, дар интихоботи парлумонӣ иштирок намоянд